РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Сифати таҳсилот боз ҳам баланд мешавад

Муҳимтарин рӯйдод ва дастоварди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва ғолибияти Донишгоҳ дар радабандиҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ миёни донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.Ин нуктаро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода 31 январи соли 2023 дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз намуданд.
Ҳамчунин, Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатро дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби давлатдории Пешвои миллат арзёбӣ медоранд.
Вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот зикр гардид, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷистон ҳамасола сатҳу сифати таҳсилат баланд бардошта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ аз паст будани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
БАХТИЁР Раҳмониён,
Радиои Фарҳанг

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram