РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Паёми Президент ба кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи пойтахт шарҳу тавзеҳ дода шуд

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баргузории мулоқоти судманд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи пойтахт мулоқот карданд. Дар мулоқот аъзоёни гуруҳи корӣ ва роҳбарияту кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва соъхторҳои низомии пойтахт иштирок намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе дар суханронии худ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин нуктаҳоро баён намуда, ҳамзамон фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар пойтахт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони ин соҳа бо ташаббуси Сарвари давлат аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод.Зимни мулоқот масъулин бо ёдоварӣ аз суханронии Сарвари давлат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Пешвои миллат бо таваҷӯҳ ба мақомоти милитсия дар Паём қайд намуданд, ки Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram