РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Вазорати нақлиёт, Агентии авиатсияи гражданӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

1 феврал Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Дар Саридораи геология нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор карда мешавад.

Вазорати нақлиёт нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Вазорати нақлиёт доир менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 09:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 09:00 дар ин Хадамот доир  мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram