РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бохтар: Осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода таъсис меёбад

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 27 декабри соли 2022 Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуд. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад. Дар ин хусус дирўз, 31 январ зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта шуд, ки дар вилоят 890 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ 3 адад филармонияи халқӣ 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 адад осорхона мавҷуд аст, ки аз ин шумора 52 китобхона, 36 иншооти фарҳангӣ таъмирталаб мебошанд.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 3 адад ансамблҳои касбии «Шашмақом», «Хутал», «Фалак», 1 ансамбли рақсии «Ситора»- и шаҳри Бохтар ва 11 ансамблҳои рақсӣ фаъолият доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram