РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан карданд

Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳамчунин  дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 16 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 215 маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар вилоят фаъолияти 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ба роҳ монда шуда, 205 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегиранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона ва 31 истироҳатгоҳу осоишгоҳ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ якчанд  имтиёзҳо дода шудаанд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram