Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар менамояд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон сафар намуд.
Зимни сафар номбурда ба Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Махсусан, номбурда бо фаъолияти шӯъбаи эҳёи беморхонаи мазкур шинос шуда, аз рафти хизматрасонии тиббии он дидан намуд.
Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати як қатор беморон низ дар шӯъбаи мазкур шинос шуд.
Ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва кормандони беморхонаи номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дод.