РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон: Риояи қонуни танзим баррасӣ гардид

Дар ҷаласаи назди муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асламшоева Нилуфар фаъолияти комиссияи доимии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Собиров Ғуломнабӣ дар баромади худ қайд кард, ки аз қабули қонуни мазкур 15 сол сипари гардид. Таҷриба нишон дод, ки иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо тавассути қонуни мазкур бениҳоят саривақтӣ ва амри зарурӣ буд.

Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари мақоми ваколатдор Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 293 комиссияи ҷамъиятӣ ва 54 комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим амал менамояд. Дар вилоят айни ҳол 293 комиссияи ҷамъияти фаъолитят доранд.

Муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева таъкид дошт, ки гарчанде дар вилоят дар ин самт корҳои муайяне сомон дод шуданд, вале ҳанӯз ҳам дар баъзе мавридҳо қонуни мазкур риоя намегардад ва ҳар яки моро зарур аст ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram