РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе барои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ситод ташкил шуд

Шуруъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ маъракаи муҳими давлатдорӣ, ба хотири ҳифзи сарҳад ва арзишҳои миллию муқаддасоти давлатӣ, сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор мегардад. Бо ин мақсад, 2 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ситоди корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ситоди корӣ, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2022, №668 “Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудании омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарӣ дар соли 2022” доир гардид, ки дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои Комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарияти шаҳриву ноҳиявии комиссариятҳои ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.

Доир ба иҷрои қарори мазкур, раисони комиссияҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои шаҳр, сардори Раёсати тандурустии шаҳр Шарифзода Х.С., Комиссари ҳарбии шаҳр Абдухолиқзода М., муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Тағойзода С. ва муовини якуми Раиси ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи марказии мададгори мудофиа Давлатзода Н. ва намояндаи Сарпурокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Абдуллозода С. гузориш доданд.

Инчунин, масъалаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раиси Комиссияи даъвати шаҳр Абдураҳмонзода А.С. ба масъулин таъкид гардида, иброз карда шуд, ки ин маъракаи сафарбаркунӣ дар ру ба руйи чорабинии муҳими сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд рост омада, аз ҳар яки мо масъулияти даҳчандро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад, ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram