РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаи байналмилалии «Жаутиков» иштирок мекунанд

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва баргузор намудани 19-умин олимпиадаи байналмилалии «Жаутиков» рӯзҳои 1 то 3 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 18 нафар хонандагони лаёқатманди пойтахт тариқи фосилавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур аз ҷумлаи олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи баланд буда, ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар он фаъолона иштирок менамоянд. Олимпиада се фанни таълимӣ математика, физика ва технологияи иттилоотиро дар бар гирифта иштирокчиёнаш асосан аз ғолибони чанкаратаи даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иборат мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram