РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

IRS: Роҳи Душанбе — Чаноқ боз шуд

Роҳи Душанбе — Чаноқ кушода шуд, чанд лаҳза пеш ҳаракати автомобилҳои сабукрав аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад. Дар ин бора аз филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 1 феврал дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе — Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати тамоми намуди нақлиёт қатъиян манъ карда шуда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram