РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илм бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави таълимии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров шинос гардид

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохмонии бинои нави таълимии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» шинос гардид.

Ин ташаббус ҷиҳати татбиқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сифатнок ба роҳ мондани сохтмони бинои нави таълимӣ ба муносибати 35 — умин солгарди истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки феълан корҳои сохтмонии бино вусъат пайдо намуда, дар самти таъмини сифати баланди иҷроиши нақша тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки сохтмони бино дар 9 ошёна ва барои 4000 нафар донишҷў муқаррар гардидааст.

Дар бинои мазкур 140 синфхона бо таҷҳизотҳои муосири таълим муҷаҳҳаз ва 9 факултет ҷой хоҳад гирифт. Мувофиқи лоиҳаи бино 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуда, барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ва 5 зинапояҳои алоҳида ба нақша гирифта шудааст.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ба Вазири маориф ва илм маълумот дод, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат донишгоҳ ҷиҳати дар канори бинои таълимӣ ба роҳ мондани корҳои сохмонии толори маҷлисгоҳ, бинои истиқоматӣ барои устодону кормандони донишгоҳ, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ аз тамоми имконият истифода бурда, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст.

Гуфта шуд, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишии донишгоҳ сурат мегирад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дастур дод, ки ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳа ва сифатнок ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ва таҳсил ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ иқдоми заруриро амалӣ намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram