РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагон ба Туркия мераванд

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Ҷумҳурии Туркия мераванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони тоҷик барои расондани ёрӣ ҷиҳати рафъи окибатҳои заминларзае, ки дар Ҷумҳурии Туркия рӯй дод, бо маҷмӯи таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ фиристода мешаванд.

Гурӯҳи мазкур аз наҷотдиҳандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва духтур — травматолог (шикастабанд) иборат аст.

Якҷоя бо гурӯҳи наҷот аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи зарурии аввалин низ фиристода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram