РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: Намунаҳои эҷоди адибони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чоп шуд

Бо саъю ибтикори эҷодкори маъруф, тазкиранигор Иброҳими Наққош дар нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китобе бо номи «Сафинаи сухан» чоп шуд, ки аз он намунаҳои эҷоди беш аз 90 нафар шоири Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷой гирифтааст.
Дар пешорӯйи китоб чунин сатрҳоро навишта шудааст: «Китобе, ки дар ихтиёри шумост фарогири намунаҳои эҷоди беш аз 90 нафар қаламкашони маъруф ва ҷавону номашҳури минтақаҳову музофоти гуногуни ҷумҳуриҳои ҳамсоя — Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, метавонад вазъи имрӯзаи адабиёти тоҷикии ин ду кишварро ба андозае муаррифӣ намояд. Тазкира бо мақсади густариши дӯстии ду кишвар ва равобити адабии онҳо мураттаб ва тадвин шудааст. Умед бар он мебандем, ки ҳаводорони адабиёт онро ба хубӣ истиқбол менамоянд».
Ин аз он далолат медиҳад, ки дӯстии халқҳои ду ҷумҳурии ҳамҷавор ва ҳамкориҳои адабии онҳо рӯз то рӯз мустаҳкам мегарданд. Ин гуна тазкираҳо қимати пурарзиш доранд, албатта, зеро барои донистани муҳити адабӣ ва муаррифӣ намудани намояндагони он нақши бориз доранд. Чунончи, тавассути тазкираҳои муқаддам иншошуда мероси адабии ҳазорон нафар эҷодкорони ниёгонамон то ба мо омада расиданд. Ба ҷуз девонҳои оламшумул тавассути тазкираҳои бебаҳо аз мероси ниёгон баҳраманд мегардем. Чун ҳама имкони чопи китоби алоҳидаи худро надорад, дарҷи ин гуна тазкираҳо барои муаррифӣ кардани эҷодкорон, алалхусус, ҷавоншоирон, нақши муҳим дорад. Ба илҳомашон болу пар мебахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram