РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти муҳоҷират тақвият медиҳанд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ мулоқот намуд. Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо на танҳо дар самти муҳоҷират, балки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳасанзода Гулнора зимни мулоқот бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ аз фаъолияти вазорат ва сохторҳои он ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷараёни омода намудани мутахассиони коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуд.

Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 мебошад.

Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур Гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини Гуруҳи корӣ 2 декабри соли 2020 таҳти раисии муовинони вазирони ҳар ду ниҳод тариқи онлайн баргузор гардида буд.

Рӯзи 6 феврали соли равон ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ аз ҷараёни таълим дар МД “Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе” боздид ба амал оварданд, ки ҷараёни боздидро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. ҳамроҳӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram