РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид шуд, ки истифодаи пурраи имконияти барои рушди муносибатҳои байниҳукуматӣ мавҷуда, хусусан дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва тиҷорат метавонад ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳо мусоидат намояд.

Ҷонибхо зимни мулоқот ба татбиқи нақшаҳои мушаххас дар самти рушду густариши робитаҳои байниҳукуматӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram