РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамшед Ҳомидов дар Мубоҳисаи панелӣ оид ба об, иқтисод ва тиҷорат дар СУС суханронӣ кард

6 феврали соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар шаҳри Женева мубоҳисаи “Об, иқтисод ва тиҷорат: таҳқиқи ӯҳдадориҳо барои Конфронси оби СММ-2023” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Нидерландия ва бо дасттгирии СУС ташкил гардида, барои муҳокимаи ҷанбаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии об, ва инчунин барои муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об замина фароҳам овард.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов зимни суханронӣ аҳаммияти масъалаи обро дар соҳаи амнияту иқтисодиёт таъкид карда, намояндагони кишварҳои узвро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд. Ҳамзамон, муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об қайд гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram