РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Cарояндаи маъруфи тоҷик Чиллахон Холов даргузашт

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхони маъруфи тоҷик Чиллахон Холов даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум хабар доданд. Мавсуф чанд соли охир аз бемории вазнин азият мекашид.

Бояд ёдовар шавем, ки ҳунар барои Чиллахон Холов мафҳуми олӣ ва ҳунарманд шахсияти хеле арзишманд аст. Дар муаррифии фарҳангу маданияти миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми назаррас дорад. Ғаввоси бомаҳоратест дар уқёнуси беканори санъату мусиқӣ. Фаъолият доштан дар ҷодаи санъат ва ҳунарро барои худ рисолати бузурги фарҳангӣ ва мояи ифтихору сарфарозӣ медонист. Дилбохтаи ашъори ниёгон буду донандаи хуби вазни арӯз. Дар офаридани сурудҳои фолклорию лирикӣ ҳамто надошт. Сокини олами илму маонӣ буд. Аз шогирдони устоди зиндаёд Зафар Нозимов буда, аксари эҷодаш аз ашъори Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ об мехӯрад.

Аҳли кормандони техникӣ ва эҷодии радиои «Фарҳанг» ба наздикон ва алоқандони эҷодиёти Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Ёду номи ҳунаманди хушном гиромӣ бод!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram