РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Палатаи савдо ва саноат, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

9 феврал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:00 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир карда мешавад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соати 11:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор карда мешавад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 14:00 дар палатаи мазкур доир менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram