РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Россия вазъи бемориҳои сироятӣ дар минтақаро баррасӣ карданд

8 феврали соли равон миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия вобаста ба вазъи бемориҳои сироятӣ дар минтақа ба таври мазоҷӣ (онлайнӣ) машварати корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машварати корӣ ҷонибҳо доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ​ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн​ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram