РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар СММ вохӯрии кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об баргузор шуд

9 феврали соли 2023 дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати баррасии раванди тадорукоти Конфронси дарпешистодаи оби СММ (22-24 марти соли 2023 ш. Ню-Йорк) баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хорҷии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур муколама байни муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт ҳамчун ҳамраисони Конфронс ва кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об роҷеъ ба аҳаммияти гирифтани ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амали об ва омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram