РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муҳриддин Низомӣ: ДДФСТ бо 42 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон айни ҳол бо 42 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Словакия ҳамкорӣ дорад. Ин нуктаро имрӯз ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ иброз гардид, ки дар айни замон дар донишкадаи мазкур 69 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки аз ҷумла моҳи майи соли 2022 як қатор донишҷӯёну хатмкунандагони донишкада дар доираи созишномаи ҳамкорӣ барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой имтиҳон супориданд. Дар натиҷа 8 нафар донишҷӯ тариқи буҷетӣ қабул гардиданд, ки аз байни онҳо 2 нафар магистр ва 6 нафар бакалавр мебошанд.

«Соли гузашта 72 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки ба унвони донишкада 98 адад диплому сипоснома ворид гашт»,- гуфта шуд дар нишаст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаришуда як қатор дарсҳои «Устод ва шогирд» бо иштироки олимону ҳунармандони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Беларус баргузор гардида, инчунин 4 нафар омӯзгорони донишкада аз курси такмили ихтисоси хориҷӣ гузаштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram