РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шарифҷон Ҳакимзода дар Форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои ОМ оид ба нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ баромад намуд

10 феврал муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимзода Шарифҷон дар Форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар мавзуи «Нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар асоси мероси умумии таърихию фарҳангӣ» дар назди иштирокчиёни форуми мазкур баромад намуд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Шарифҷон Ҳакимзода зимни баромад иброз намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар асоси усул ва принсипи асосии «дарҳои боз» бо 180 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқу фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар давраи равобити дипломатӣ миёни кишварҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди шарикӣ, эътимод ва эҳтироми тарафайн ба даст омад.

Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии кишварҳои минтақа тайи се соли ахир форумҳои ҷавонон, занон, адибони ҷавон, ҷашнвораҳои таомҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудаанд, ки метавон ҳамчун қадами муҳим ва бомуваффақият дар ташаккули платформа барои устувор намудани боварӣ ва дўстии байни мамлакатҳоямон арзёбӣ намуд.

Баргузории мунтазами чорабиниҳои фарҳангии мутақобила бо иштироки ходимони фарҳангу ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин ҷода баргузории рўзҳои фарҳангӣ аҳамияти калон дора два он сол аз сол ба дараҷаи сифатан нав мебарояд.

Бо назардошти он, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихан ба як минтақаи ягона тааллуқ дошта, таърихи муштарак, фарҳангу расму оинҳои якхела, эътиқоди ягонаи дини доранд, баргузории фестивалу конфронсҳо ба ҳамкориҳои гуманитарии мусоидат мекунанд.

Шарифҷон Ҳакимзода ҳамчунин иброз намуд, ки боиси хушнудист, ки дар ин замина ба унвони нишони дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони арзандаи ду халқи бародар — Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд боғҳои фарҳангу фароғатӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи шоирон мутафаккирони асри XV Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ қомат афрохтаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram