Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон 36 умин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардуми «Surajkund mela» ҷараён дорад, ки дар он аз ҷониби санъаткорон ва ҳунармандони тоҷик санъат ва фарҳанги волои тоҷикон муаррифӣ шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Нушофарин Олимова хабар дод.
Surajkund Mela 2023 маъруфтарин фестивали байналмилалии Ҳиндустон буда, барои санъаткорон ва ҳунармандон аз ҳар гушаи дунё имконият фароҳам меорад, ки фарҳанги мардуми худро ба намоиш гузоранд.
Дар фестивали мазкур меҳмонон дар рақсҳои анъанавии мардумӣ, намоишҳои мусиқӣ ва ҳатто сюжетҳои лӯхтакӣ ширкат мекунанд.
Фестивал 3 феврали соли равон оғоз гардида, то 19 феврал идома мекунад.