РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия ҷасади чор нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади чаҳор нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ ҳангоми ҳаракат дар шароити аз харобаҳо банд будани атроф наҷотдиҳандагон ҳарчи зудтар сӯрохи махсус месозанд, то ба макони ҷустуҷӯи пешакӣ ворид шаванд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, субҳи барвақти 10 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони заминларзаи шадид оғоз намуданд.

«Дар айни ҳол 40 нафар наҷотдиҳандагон ба таҳқиқ ва бартарафсозии харобаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот машғул мебошанд. Наҷотдиҳандагони тоҷик барои анҷом додани рисолати касбии худ бо масъулияти баланд дар иҷрои кор мебошанд, зеро дар шароити чунин фалокати табии барои наҷот додан ва кумак расондан ба зарардидагон ҳар лаҳза нақши бузург мегузорад. Онҳо барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар зери харобаҳо аз воситаҳои махсуси техникӣ истифода мебаранд»,- гуфта шудааст дар хабар.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram