Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, аъзои Комиссия ва аъзоёни ҳакамони озмуни мазкур доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Норак хабар доданд.
Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби донандагони хуби фанни таърих, коршиносони соҳа, ва омӯзгорони фанни таърих ташкил карда шудааст. Аъзои ҳакамон аз рӯйи талабот ва меъёр суолҳоро пешниҳод намуда, дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуда истодаанд. Даври авали озмун аз 5 то 20 феврали соли 2023 идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври вилояти роҳхат дода мешаванд.