РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми “Дов” дар ҷашнвораи “Фаҷр”-и Эрон намоиш дода шуд

Филми “Дов” дар ҷашнвораи “Фаҷр”-и Эрон намоиш дода шуд. Дар ин бора коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар дар шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар дод.

Ба навиштаи ин коргардон, 7-уми феврал, филми ҳунарии “Дов” дар 41-умин синамоҷашнвораи “Фаҷр”, дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Теҳрон намоиш дода шуд. Ин ҷашнвора то 11-уми феврал идома мекунад.

Чанд рӯз қабл, ин филм дар ҷашнворае, ки дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон баргузор шуд, ба гирифтани ҷоизаи “Таваҷҷӯҳи ҳакамон” қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, коргардони филм Муҳиддини Музаффар бо киностудияи “Marwah”-и шаҳраки Ноидаи Деҳлӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.

Филми ҳунарии “Дов” аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯи саҳна омада, дар чандин ҷашнвораи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, моҳи декабри соли гузашта, дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Калкуттаи Ҳиндустон ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро соҳиб шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram