РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳоро боз ҳам рушд медиҳанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Ҳокими вилояти Намангон Ботирҷон Нуриддинов масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои вилояти Намангонро бо минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти васеи равобит миёни минтақаҳо изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва ғайра баён карданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва муассисаҳои тоҷикии таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дидан намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram