РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВМИ: Масъалаи ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ баррасӣ шуд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н.Мирзозода ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306 оид ба Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Низомномаи Низоми кредитии таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қоидаҳои гузаронидани донишҷўён аз гурўҳҳои пулакӣ ба гурўҳҳои ройгон ва аз гурўҳҳои ройгон ба гурўҳҳои пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок карданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон хабар доданд.

Гурўҳи корӣ ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ дар ҷумҳурӣ ва мутобиқ намудани вазъи ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақоми байналмилалидоштаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Раиси ҷаласа қайд намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди коркард ва баррасӣ қароргирифта, ба вазорату идораҳо барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон, ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат «Низомномаи таҳсили ғоибонаи донишҷўёни равияҳои омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамал оид ба тақсимоти сарборӣ барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳия ва коркард қарор дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram