РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДБССТ: даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” оғоз шуд

Шуруъ аз 13 феврал Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва филиалу литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «»Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо МД «Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» пас аз ҷамъбасти даври аввали озмуни болозикр дар сатҳи литсей, конфронси илмӣ-адабиро ба ифтихори 115-солагии муаллифи китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон», академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи омӯзгорону хонандагон баргузор намуд.

Ҳамзамон, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ вобаста ба таҷлили 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузории чорабиниҳои илмӣ дар Донишгоҳ ва филиалу литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҷараён доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram