РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бохтар: Фарзандони ҷонфидо ва диловари Ватан фаромӯш намешаванд

13 феврали соли 2023 и.в раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Миникулов Аслам Сайдуллохонович аз гӯшаи хотираи ҷавони ватандӯсту шуҷоъ, фидоии роҳи Ватан дидан намуда, волидайни ӯро аёдат намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Бохтар хабар доданд.

Ҳамзамон бахшида ба 30-солагии Рӯзи Артиши миллӣ ба модари сарбози шаҳидшуда барои тарбия намудани фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ Сипоснома ва маблағи пулӣ тақдим гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо қарори Иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар даъвати шашум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8- и шаҳри Бохтар ба номи Аслам Миникулов номгузорӣ карда шудааст.

Миниқулов Аслан Сайдуллохонович ҷавони шаҳри Бохтар зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар хати сарҳади шаҳри Исфара дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи14 сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram