РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қурбонзода Ҳилолбӣ дар Анҷумани байналмилалии илм бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон иштирок намуд

Бахшида ба 8-умин солгарди Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм 10-уми феврали соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Анҷумани илм доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Созмондиҳандагони асосии Анҷумани 8-ум намояндагиҳои доимии кишварҳои Чили, Антигуа, Малта, Лаҳистон, Португалия, Филиппин, Руанда, Словакия ва Испания дар СММ мебошанд.

Чорабинии мазкурро намояндагони доимии кишварҳои Тоҷикистон, Антигуа, Барбуда, Андорра, Ангола, Арманистон, Австрия, Баҳамас, Бангладеш, Колумбия, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикано, Гвинеяи экваторӣ, Финляндия, Франсия, Руминия, Корея, Сан-Марино, Словения, Танзания ва Туркия дар СММ ҳамчунин, ниҳодҳои СММ, аз ҷумла, Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD), Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсионӣ (ITU) ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) сарпарастӣ менамоянд.

Мавзуъ ва ҳадафи Анҷумани 8-ум навоварӣ, рушд, болоравӣ, пешрафт ва устуворӣ буда, ба сиёсатгузорон дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати дар оянда таҳким бахшидан ба иртибот байни илм, сиёсат ва ҷомеа мусоидат менамояд.

Таваҷҷуҳи асосии Анҷуман ба нақши занону духтарон ва илм дар раванди бозбинии Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ба Форуми сатҳи баланд, хусусан, Ҳадафҳои рушди устувор 6, 11 ва 17 равона гардида, дар баробари он пайгирии муҳокимаҳои чорабиниҳои «Об моро муттаҳид месозад», Конфронси дуюми байналмилалии «Даҳсолаи амал об барои рушди устувор, 2018-2028» дуввумин Конфронси СММ оид ба уқёнус, ба Конфронси оби СММ-2023 ва дигар форумҳои СММ саҳм хоҳад гузошт.

Дар доираи чорабинии зикргардида рӯзи 11 феврали соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми занони ихтироъкор дар соҳаи илм» бо иштироки бонувони ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касби кишвар доир гардида, баргузории Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм», ки ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир мегардад, рӯзи 24 феврали соли равон дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram