РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хоруғ тарма фаромада, якчанд хона ва одамон зери он мондаанд

15 феврал, тахминан соати 10:00, дар мавзеи Шош-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромадааст, ки якчанд хона ва одамон зери тарма мондаанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар айни замон наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи мазкур дар вилоят, неру ва воситаҳои низоми давлатии ягона оид ба рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса машғули коранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дирӯз, 14 феврал дар қаламрави Бадахшон 9 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба бориши барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳарчӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардида ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram