РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: Ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии Томск вусъат меёбад

14 феврали соли 2023 намояндагони Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия, аз ҷумла муовини ректор оид ба роитаҳои байналмилалӣ, профессор Рыкун Артём Юрьевич, мушовири ректор Погодаев Николай Петрович, роҳбари идоракунии қабули нав (комисияи қабул) Павлов Евгений Владимирович, декани факултети математика профессор Гензе Леонид Владимирович, декани факултети физика-технология Рижих Юлия Николаевна, профессори факултети химия Курзина Ирина Александровна, мудири кафедраи ботаника Щёголева Наталья Валерьевна, профессори факултети филология Резанова Зоя Ивановна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухшона Қурбонзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ва бархе аз деканони факултетҳо мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, сафарбаршавии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва омӯзиши амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ матраҳ карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз анҷоми чорабинӣ меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ ба як қатор факултетҳо ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот анҷом доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram