РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб: барои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор шуд

Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ва омодагии сазовор ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо фаъолони шаҳр машварати корӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки нақшаи корӣ тартиб дода, тибқи он ҳамарӯза дар байни аҳолӣ кор баранд. Аз ҷумла то 20 март рӯйхати даъватшавандагонро тартиб дода, бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд. Бояд ҳар яки онҳо дарк кунанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-Модар мебошад.

Ҳамчунин аз масъулини соҳаи кишоварзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар қитъа замин бояд кишт ва самаранокии истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шавад. “Сари вақт анҷом додани кишту кори баҳорӣ- ин кафолати таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад”, -таъкид гардид зимни машварати корӣ.

Дар машварат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти шаҳр бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram