РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел Урсу вохурӣ намуд

13 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сардори шуъбаи Ташкилоти минтақавии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел Урсу вохурӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Дар вохурӣ ҳамзамон роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дахлдори вазорат низ иштирок доштанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ташкилоти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба роҳбарияти ташкилоти мазкур изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Дар идомаи мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо ташкилоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, атрофи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram