Аз 15 то 19 феврал дар Тоҷикистон тадқиқоти миллии даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки тадқиқоти миллӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Хадамоти федеролии Роспотребнадзори Федератсияи Русия доир карда мешавад.
Барои иштирок дар тадқиқоти мазкур шаҳрвандон метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе- марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар шаҳри Ваҳдат ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва беморхонаи марказӣ, дар шаҳри Ҳисор ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар шаҳри Истаравшан ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дар шаҳри Исфара ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муроҷиат намоянд.
Бақайдгирӣ дар назарсанҷӣ дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат ба таври электронӣ сурат мегирад. Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.
Агар доир ба масъалаи мазкур савол дошта бошед, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқ дастрас намоед.