РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои истеҳсоливу содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

15 феврали соли равон Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ оид ба “Маблағгузорӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот дар Осиёи Марказӣ” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа вазирони кишоварзии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, муовини Директори минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Рахманин В.О., намояндагони Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Авруосиё, Бонки таҷдид ва рушди Авруосиё ва Бонки рушди исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, оид ба имкониятҳои истеҳсоливу содиротии маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд.

Мақсад аз баргузории Ҷаласаи мазкур оид ба пешбурди кор дар самти сармоягузорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами мамлакатҳо, истифодаи самараноки замину об ва истеҳсоли зиёди маҳсулот, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ба он мувофиқ намудани зироатҳо ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram