РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДБЗХТ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 16 феврал бо ширкати васеи омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантону докторантон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарияти Донишгоҳ таъкид намуд, ки бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.

Дар ҷамъомад аз иқдоми бузургу шоиста ва мондагори Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандӯзӣ ва омӯзиши таърихи миллати тоҷик ёдовар шуда, масъулин иброз доштанд, ки роҳандозии чунин озмунҳо дари ганҷинаҳои нуҳуфтаи илмро ба рӯи донишомӯзону муҳаққиқон боз менамояд.

Сипас, ҳайати ҳакамон, ки аз олимони соҳибтаҷрибаи соҳа иборат буд, муаррифӣ шуда, даври аввали озмун бо иштироки донишҷӯёни факултети забони англисӣ шурӯъ гардид.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»- ин арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram