14 феврали соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҷашнвора ва намоишгоҳ ба муносибати Рӯзи миллии Кувайт ва омадани Ҷашни Наврӯз таҳти унвони “Expo 965: Рӯзи миллӣ ва мерос” иштирок намуда, анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти зардӯзиву гулдӯзии миллӣ, туҳфаҳои хотиравии маҳсулоти ватанӣ ва маводди гардишгариро барои таблиғу ташвиқи соҳаи сайёҳии кишвар ба маъраз гузошт. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Чорабинии мазкур 14 феврал шурӯъ гардида, 16 феврали соли 2023 ба итмом хоҳад расид.