РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод мулоқот намуд

16 феврали соли 2023 зимни сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот сафир бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ҳамдардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳукумат ва мардуми Сурия расонид.

Файсал Миқдод аз номи роҳбарияти олии кишвараш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳусни таваҷҷуҳ дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram