РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: таҳти унвони «Аҳамият ва моҳияти озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиш баргузор шуд

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории наврасону ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Аҳамият ва моҳияти озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ — назариявӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Зимни он таъкид карда шуд, ки ҷавононро мебояд китоби мондагори «Тоҷикон»-ро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд. Китоби мазкур саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ буда, хонандаро дар рӯҳияи ягонагӣ ва талош баҳри рушди ҷомеа тарбия месозад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз тавассути омӯзиши ин шоҳасар насли имрӯза аз воқеияти таърихи ниёгони хеш ба таври хеле барҷаста огаҳ мегардад.

Иштирокдорон омӯзиши таърихро яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин китоби таърихӣ тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос карор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат мегардад. Зеро он инъикосгари ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат аст.

Дар қисмати хотимаи ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён Сипоснома тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram