РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Фаронса ҳамкориҳоро дар самти маориф ва илм тақвият медиҳанд

18 феврал Раиси вилояти Суғд намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон ва дар доираи созишномаҳои дуҷониба давлатҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, техника ҳамкории судманд доранд. Бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон соли 2022 барои дӯстдорони забони фаронсавӣ дар Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ташкил гардид, ки барои барқарорсозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои олии ду кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бо куӯмаки ин ташкилот миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ имзо гардид.
Эрик Любедел аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки сафорат барои рушди муносибатҳои дӯстона аз имкониятҳо истифода менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» кӯшиш дорад, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram