РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” мавзуи ҳифз ва рушди забони модарӣ дар даврони Истиқлол баррасӣ гардид

Нишасти 206‐умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба Рӯзи байналмилалии забон дар толори Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки адибону олимон, устодон ва донишҷӯён, мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки санаи 21‐уми феврал ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфт.

Шарифулло Абдуллозода, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба “Ҳифз ва рушди забони модарӣ дар даврони Истиқлол” сухан карда, қайд намуд, ки забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.
Сипас, Мӯсоҷон Олимҷонов, доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Забони модарӣ ‐ сутуни ҳастии миллат” маърӯза кард. Қайд шуд, ки забони тоҷикӣ рукни муқаддаси давлатдорӣ дониста шуда, нишони аҳамияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд.
Дар маърӯзаи номзади илмҳои филология, шоира Сурайё Ҳакимова, “Ҳавзи қамар дар остини шеър. Назаре ба шеъри Гулноз ва ҷозибаи ҳунарии шоир дар ҳошияи китоби “Чатри наҷоти садо” сухан аз шеър ва ҳунари шоирии Гулноз Тоҳириён рафт. Муҳаққиқ Гулнозро аз шоирони соҳиби‐ стеъдод ва беназири адабиёти муосир арзёбӣ кард ва бо мисолҳои мушаххас ҷанбаи ҳунарии шоирро нишон дод.
Дар суханронии худ шоира Гулноз аз рисолати шеър ва шоир дар ҷомеаи муосир ибрози назар кард ва чанд шеъри тозаэҷодашро қироат намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод дар бораи забон ва арзиши он, ҳамчунин дар бораи Гулноз ва шеъри ӯ ибрози назар кард.
Адибони ҷавон Баҳманёр, Садаф ва Муҳаммадиқбол аз ашъорашон шеърҳо қироат намуданд. Дар давоми маҳфил сарояндагони мумтоз Ҳусейнҷон Юсупов, Бахтиёр Давлатов, Ҳалим Салим ва ансамбли “Навои ҷавонӣ” ‐ и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров дар васфи забон ва аз ашъори шоира Гулноз сурудҳо хонданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram