Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалии Фаронса сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Олимпиадаи мазкур 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 нафар омӯзгорони беҳтарини Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муродулло Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардида буд, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардида буд. Дар он 1328 нафар омӯзгорони Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доштанд.