РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҷмуи мақолаҳои адибони тоҷик дар Ӯзбекистон рӯнамоӣ шуд

Бо ташаббуси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон чорабинии маданӣ-маърифатӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур романи “Фирдавсӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода, “Пайроҳаи илм” маҷмуаи мақолаҳо ба хотири ёдбуди академик А. Мирзоев ва “Меҳрнома, ки бо забони тоҷикӣ бо дастгирии молиявии Маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар нашриётои мухталифи Ӯзбекистон интишор гардидааст, рӯнамоӣ шуд.

Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Р. Қурбонов, сафирони баъзе давлатҳо, роҳбарони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, роҳбарони бахшҳои тоҷикии Иттифоқи нависндагони Ӯзбекистон иширок намуданд.

Чорабинии мазкур бо барномаи рангини фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram