Бо ташаббус ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 феврали соли 2023 кумаки башардӯстона иборат аз маводди ғизоӣ, пӯшока, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ дар маҷмӯъ 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонида шуд, ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.
Кумакро дар фурудгоҳи байналмилалии Димишқ муовини вазири умури маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус иборат аз мақомоти зирабти Ҷумҳурии Арабии Сурия қабул намуд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстонаро сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода расман ба ҷониби суриягӣ супорид.
Зимни нишасти матбуотӣ дар фурудгоҳи Димишқ дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон ва ВАО-суриягӣ сафир бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар паёми таслияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбарият ва мардуми изҳор намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Ҷумҳурии Арабии Сурия дар ин лаҳзаҳои басо душвор дар канори мардуми зарардидаи Сурия мебошад ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар навбати худ муовини вазири умури маҳаллии ин кишвор Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин иқдоми саривақтӣ ва дароз намудани дасти хайру сахо дар чунин лаҳзаҳои душвор миннатдории самимӣ баён намуд. Таъкид гардид, ки ҷониби суриягӣ ҳеҷ вақт ин амали наҷиби Пешвои миллатро фаромуш нахоҳад кард ва ин иқдом муҳаббати Ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба сарвари давлати Тоҷикистон тақвият бахшид.