РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Владимир Норов густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиё Марказӣ Владимир Норов мулоцот намуд. Дар он густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир кардани конфронсҳои муштарак, интишори мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бештар ошно кардани аҳли ҷомеа аз дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек зарур шумориданд.

Владимир Норов таассуроти худро доир ба пешрафту рушди Тоҷикистон дар марҳилаи навин мусбат арзёбӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram