РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиш доир шуд

22 феврал дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 30 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, инчунин, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар кардани донишҷӯёни хоҳишманд ба хидмати ҳарбӣ ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуд.

Сипас Хайрулло Назарзода ба омӯзгорони ҷавон Низомиддин Валиев, Саидафзал Мизробов ва Лоиқ Ҳалимов, ки рисолаҳои илмиашонро муваффақона ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардида буданд, ба миқдори чор ҳазор сомонӣ (ба ҳар як кадоми онҳо) маблағи пулӣ тақдим кард.

Инчунин, ба ғолибону доварони мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ”, ки аз рӯӣ чор намуди варзиш – шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, волейбол ва футболи хурд дар байни омӯзгорону кормандон гузаронида шуда буд, мукофотпулӣ супорида шуд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунари “Тоҷири аҷам” – у хонандагони литсейи донишгоҳ ва сурудҳои дилнишини сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ – Афзалшоҳ Шодиев ва Қобилҷон Зарипов табъи аҳли толорро хушу болида гардониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram