РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз Туркия ба Душанбе баргаштанд

Имшаб, соати 01:00-и 23 феврал Гурӯҳи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилоятҳои аз заминларза зарардидаи Туркия фаъолият мекарданд, ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

22 феврал наҷотдиҳандагони тоҷик вориди Истанбул шуданд, ки онҳоро дар фурудгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Туркия, намояндагони департаменти наҷоти Туркия ва дигар шахсони расмӣ қадрдонӣ карданд.

Сардори гурӯҳи наҷотдиҳӣ Сулаймон Исозода дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт. Кормандони фурудгоҳ ва ҳамаи ҳозирин наҷотдиҳандагони моро бо кафкўбӣ ва изҳори сипос гусел карданд. Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба наҷотдиҳандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон барои кумаку дастгирӣ изҳори сипос намуд.


Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони тоҷик аз 10 феврал дар қаламрави Туркия ба корҳои ҷустуҷӯиву наҷот оғоз карда буданд. Дар ин муддат аз зери харобаҳову вайронаҳо 217 ҷасади ҳалокшудагони ин заминларзаи мудҳишро берун оварда, ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд.

Се нафарро аз зери биноҳои харобу валангор зинда пайдо карданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз 3 то шашмоҳа буданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram