РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Артиши миллӣ ифодагари истиқлолу соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми Тоҷикистон, матонату мардонагӣ ва ватандўстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад ва ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад. Бисту ҳашт сол қабл, замоне ки Тоҷикистон дар роҳи бунёди поя­ҳои давлатдории мустақил қадамҳои нахустинро мегузошт, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз рукнҳои асосии он дар марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини тоҷикон таъсис дода шуд.

Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз се марҳиларо паси сар намуд: давраи аввал, ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Артиши миллӣ буд, ки бомуваффақият анҷом ёфт; давраи дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омўзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он то ҳол идома дорад ва давраи асосӣ бунёди навъҳои Артиши миллӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии он ба ҳисоб меравад.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар майдони “Дўстӣ”-и шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Барои таъсиси Артиши миллӣ ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сифр шурўъ гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 19-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид менамоянд: “Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурудгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем”.

Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти сахту даҳшатбори он солҳо, тамоми имкониятҳоро барои таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навбунёд равона сохт. Ҳамин буд, ки ҳанўз дар оғози таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони бонанги мамлакат ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нобудӣ ва парокандагӣ эмин доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикис­тон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд. Дар он шабу рўзи барои тамоми мардуми мамлакат вазнин ҳазорон нафар афсару сарбози бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро фидо карданд, то ки Ватани азизамон -Тоҷикистон аз вартаи ҳалокатбор наҷот ёбад. Самараи ҳамин ҷоннисориҳо буд, ки мо имрўз дар муҳити орому осудаи Ватан дилпурона зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем.

Моҳи июни соли 1993 иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зерин: “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Доктринаи ҳарбӣ”, “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи статус, кафолати ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хизматчиё­ни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро”-ро ба тавсиб расонид. Мутобиқи ин қонунҳо соли 1993 асоситарин ва сершумортарин навъи лашкар — Қўшунҳои хушкигард, сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Коллеҷи олии ҳарбӣ, Шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шурўъ карданд.

Дар баробари ин, моҳи декабри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ шакли сохтори мақомоти қудратӣ тибқи муқаррароти Конститутсия аз нав таъсису мукаммал гардонида шуда, ба фаъолият шурўъ намуданд: Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ. Инчунин, дар ин сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани базаи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои барномаи пешазинтихоботии худ қарор дода буданд, комилан муваффақ гардиданд.

Соли 1995 Барномаи таъсиси бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат марҳала ба марҳала таҳия гардид ва ду давра солҳои 1995-1997 ва 1998-2000-умро дар бар гирифта, ба пояҳои таъсиси Артиши миллӣ асосҳои илмӣ гузошт.

Ҳамчунин, моҳи апрели соли 1996 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфт. 24-уми июли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тадбирҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расиданд ва 23 феврали соли 2003 бо Фармони Президенти мамлакат дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи нав-Қўшунҳои зудамал таъсис ёфт, ки тибқи созишномаи ҳамкориҳо баталиони махсуси десантӣ дар ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар машқҳои муштараки низомӣ иштирок менамояд.

Имрўз Артиши миллии мо ботаваҷҷуҳ ва ташаббусҳои доимии Ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва дорои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем бо боварии комил изҳор намоем, ки он ба неруи пурқуд­рати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати мамлакат имрўзҳо низ ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кадрҳои баландихтисосу бомаҳорат такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар зарфи қариб се даҳсола Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумуҳрии Тоҷикистон ба як мактаби тарбияи ватандўстиву меҳанпарастӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, имрўз дар сафи он даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфта ба камол расида истодаанд. Имрўз ҷавонони бонангу номуси тоҷик бо ҳисси баланди худшиносӣ хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо вазифаи муқаддаси фарзандӣ ва мардонагист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба тақвияти ниҳоди мазкур чунин қайд намуданд: “Вазъи имрўзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадр­ҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад”.

Воқеан, таъмини амният ва ҳифзи марзу буми Ватан дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотиву психологӣ, ҳамлаҳои кибериву амалҳои террористӣ ва бархўрди манфиатҳои абарқудратон кори ниҳоят душвор аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини вазъи сарҳад ва оромии зиндагии ҳар як шаҳрванди худ муваффақ аст, аммо мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳонро лозим меояд, дар ин самт бетараф набошанд.

Ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи муҳимми таърихӣ дар ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ роликҳои тарғиботӣ оид ба хизмати софдилонаи ҷавонони ҷасури Тоҷикистон, ҳифзи марзу бум, тамринҳои пайваста аз ҳаёти ҳаррўзаи афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ пахш карда мешаванд. Шабакаҳои телевизионӣ ва ра­диоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили рўзи Артиши миллӣ барнома ва филмҳои мустанадро аз ҳаёти сарбозон, интизоми ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ ва тарғиби сулҳу амнияти мамлакат омода намуданд, ки дар остонаи 28-умин солгарди Артиши миллӣ пахш гардиданд. Инчунин, ҳамасола ҳунармандони ансамблҳои Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорбинии муҳимми давлатӣ ба ифтихори ҷашни Артиши миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, боварии комил дорем, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардум бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат сарф менамоянд.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рўзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram